"Кортеж"-и Зеленский ба садама дучор шуд - Видео

Обуна шудан
Чанде аз худравҳои посбонони президенти Украина Владимир Зеленский ба автобусе, ки дар он кӯдакон қарор доштанд, бархӯрданд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Худравҳо аз "кортеж"-и президенти Украина Владимир Зеленский ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Гуфта мешавад, ки садама дар вилояти Запорож ба вуқӯъ пайвастааст. Чанде аз худравҳои посбонони президенти Украина Владимир Зеленский ба автобусе, ки дар он кӯдакон қарор доштаанду аз истироҳатгоҳ бозмегаштанд, бархӯрданд.

Бино ба иттилои манбаъ, "кортеж"-и Зеленский ба ҷониби Киев ҳаракат мекардааст. Худи президенти Украина дар дохили худравҳо набудааст. Ӯ тариқи ҳавопаймо ба пойтахт бозгаштааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ кӯдаконе, ки дар автобус қарор доштаанд, захмӣ нашудаанд.

Дар интернет наворе нашр шудааст, ки аз он дида мешавад, чӣ гуна мошинҳое, ки дар дохилашон посбонони Зеленский ҳаракат мекарданд, хисорот дидаанд.

Масалан тарафи рости микроавтобус Volkswagen, ки посбобони президенти Украина дар он қарор доштанд, хароб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0