ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор давоми як шабонарӯз хабар дод, ки дар пай талафотӣ ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 14 июли соли равон тахминан соати 19:30-дақиқа, дар роҳи  нақлиётгарди Чаноқ-Хуҷанд-Душанбе садамаи нақлиётӣ рух додаст.

Автомобиль упал в реку - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ВКД-ро аз садамаи нақлиётӣ дар Ванҷ хабардор кард

Бар хабари манбаъ, Тураев Шоирбек, ронандаи 24- солаи "Опел-Астра", ҳангоми ҳаракат  дар ҳудуди деҳаи Даштикони ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Муссо", таҳти идораи ронанда Кучаков Бобоҷони 43-сола, сокини деҳаи Ростровути ҳамин ноҳия, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Муссо" Кучакова Холбибии 63-соли сокини деҳаи Ростровут, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Спитамен ба ҳалокат расидааст.

Ҳамидаи 3-сола хост аз роҳ гузарад: 4 садамаи маргбор дар 2 рӯзи гузашта

ВУД афзуд, ки инчунин як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон ба қайд гирифта шудаст.

Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Мошини қудратиҳо ба садамаи мудҳиш дучор шуд: дар кӯчаи собиқ Душанбе

Манбаъ мегӯяд, 14 июли соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Камри", Ҳайдаров Саидбеки 64-солаҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди деҳаи Навзамини ноҳияи Хуросон, ки дар ҳолати таъмир аст, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" бархӯрдаст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" Қармишев Зафари 33-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0