Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаҷми хисорот аз сел ҳисобида шуд

© КЧС ТаджикистанаСход селей в Таджикистане
Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ҳокимияти Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, ки боришоти барзиёди борон ба ин манотиқи кӯҳӣ, хисороти зиёд овард

ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Бар хабари сомонаи расмии ноҳияи Мастчоҳ, чанде пеш аз ҳисоби гармии бесобиқа ва обшавии барфу пиряхҳо маҷрои оби рӯдхонаи деҳаи Водиф зиёд шуда, роҳи муваққати мошингузари ин деҳаро пурра хароб кардааст.

Селевой потоп в Таджикистане в районе Сангвора - Sputnik Тоҷикистон
Чигуна сел пул ва роҳи мошингарди сокинони Сангворро хароб кард-навор

Ба маълумоти сардори ҳолатҳои фавқуллодаи ин ноҳия Исматулло Қозизода, зарари расида аз офати табиӣ беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, сел 10 тонна семент, 1 адад булзореи пуриқтидор ва дигар таҷҳизоту масолеҳи сохтмоние, ки ба деҳаи Водиф барои бунёди кӯпруки мошингузар оварда шуда буд, бо худ ба дарёи Зарафшон бурдааст.

Борони сел дар Конибодом ба 8, 3 милион сомонӣ зарар расонд

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бар асари баландшавии ҳарорати ҳаво, ки боис ба обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо гардида буд, маҷрои рӯди Зарафшон зиёд шуда, дар деҳаи Водиф як пул, 150 метр роҳи мошингузар, 70 метр ҷӯй ва 3 адад нерӯгоҳҳои барқии хурдро пурра хароб карда буд.

Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 70 ҳазор евро ҷудо намудаст

Хисорот ин офати табиӣ соли гузашта дар ин макон беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуда буд.

Зимнан, боронгариҳои ахир боис ба фаромадани сел дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд шуда буд, ки дар натиҷа пул ва роҳи мошингарди ноҳияи Сангворро харобу валангор намуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гуфта буд, ки бар асари ин офати табии дар ноҳияи Сангвор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст.

Лентаи хабарҳо
0