Ҳалокати кӯдаки шашсола пас аз "арақхӯрӣ"

CC0 / Pixabay / Спиртные напитки
Спиртные напитки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба маълумоти пешакӣ кӯдаки шашсоларо писари ҳамзисти модараш арақ нӯшонидааст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Кӯдаки шашсола пас аз нӯшидани арақи ҷон дод. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба пизишки бемористони вилояти Жайил хабар медиҳад.

Кӯдак, имрӯз, 21 июл соати 16:00 бо вақти Бишкек ҷон бохтааст. То ин дам ӯ 10 рӯз бехуд дар шӯъбаи эҳё қарор доштааст.

Ҳодиса дар Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гузориши манбаъ, кӯдаки шашсола рӯзи 12 июл дар паи заҳролудшавӣ аз арақ ба бемористон афтодааст.

Угощения на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон
Заҳролудшавии 174 кас дар тӯй: сабаб муайян шуд

Чуноне мақомоти пулис хабар додаанд, модари 30-солаи кӯдак бо марди 61-сола ҳамзистӣ доштааст.

Шоми 11 июл, зан ҳамроҳи дугонааш дар хона ба нӯшидани машруботи спиртӣ машғул будааст. Баъдтар ҳамзисти дугонааш ба онҳо ҳамроҳ шуда, модари кӯдаки шашсола лату кӯб кардааст. Ӯ роҳи гурезро пеш гирифта, шоми бевақт ба хона бозгаштааст.

Он замон писараш дар хоб будааст. Модари кӯдак низ хоб рафтааст ва ҳангоми субҳ пай бурдааст ки кӯдакаш "беҳол" аст ва ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардааст.

Бозҷӯӣ маълум кардааст, ки пас аз чанде писари соҳибхонаи 61-сола, ҷавони 31-сола ба меҳмонони сари миз ҳамроҳ шудааст.  Ҳамаи нишастагон қарор кардаанд, ки ба манзили ҳасоя рафта он ҷо "нишасташон"-ро идома диҳанд.

Писари шашсола ки гурусна будааст аз паси онҳо рафтааст. Дар ҳамин ҳол писари соҳибхона-марди 31-сола ба кӯдак помидору бодиринг дода, маҷбур арақ нӯшонидааст. Пасон ба сари кӯдак мушт задаасту писарак ба хона бозгаштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, то ҳол касе боздошт нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0