08:55 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Ҳалокати кӯдак дар пайи садама дар Ховалинг

Ронандаи ноӯҳдабаро дар ноҳияи Хуросон ду пиёдагардро пахш кард

© Дафтари матбуотии ВУД
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ноҳияи Хуросон хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Камолзода Зикрулло, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада дар ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Хуросон ду пиёдагардро пахш намудааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур 22- юми июли соли равон тахминан соати 11:40 дақиқа рух додаст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Митсубиси-Монтеро", Камолзода Зикруллои 20- сола, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ,ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Коммунизми ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон: Қодирова Ойсоат Умбетовнаи 53- сола ва хурдсол Қодирова Мадинаи 4-сола, сокинони деҳаи Коммунизмро пахш намудааст",- таъкид намудааст Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ду садамаи маргбор: марги ду дучархарони ноболиғу пирамард

Зимнан манбаъ қайд намудаст, ки дар натиҷа, Қодирова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона интиқол додан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Хурдсол, Қодирова Мадина  ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. 

ВУД: дар ду садамаи нақлиётӣ, ронанда ва мусофир ҷон доданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зикр намудааст, ки айни замон ҳодискаи мазкур аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Барчаспҳо:
ҳалок, пиёдагард, мошин, садама, ноҳияи Хуросон

Мавзӯъҳои асосӣ