17:15 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Учения КЧС РТ

КҲФ: дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд

© Фото: Официальный сайт КЧС Таджикистана
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
105 0 0

Масъулини кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар 28 миллион сомонӣ зарар расонидааст.

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муҳаммадҷон Салимзода, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар зарфи шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 624 ҳолати фавқулода ва ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Вай афзуд, аз шумори умумии ҳаводиси ба қайдгирифташуда, 40 маврид зарари моддиву манънавӣ расидааст ва барои бартараф кардани он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. 

Ҷавоне дар талоши наҷоти дӯсташ ҷон дод: афзоиши қурбониёни шиноварӣ дар Тоҷикистон

Инчунин, Муҳаммадҷон Салимзода қайд намуданд, ки дар натиҷаи офати табиӣ 22 нафар шаҳрвандони кишвар ҳалок шудаанд.

“Аз ҷумла дар натиҷаи лағзиши тарма 9 нафар, аз сел 7 нафар, резиши санг 3 нафар, аз боди шадид 2 нафар ва аз раъду барқ 1 нафар кушта гардиданд. Ғайр аз ин дар қаламрави ВМКБ чор ҳодисаи ҳамлаи гургон ба одамон ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ду нафар сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд ва ду тани дигар захмӣ гаштанд”, таъкид дошт вай.  

Ҳалокати 11 нафар – 4 кӯдак ва ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Салимзода дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 135 хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд (22 хона пурра, 109 хонаи қисман вайрон шудаву чор хонаи истиқоматӣ каме зарар дидаанд) майдони 1989.77 гектар замин хароб шуда, 10 пул ва 204.353 км роҳ вайрон шудааст. 

“Ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахш, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд кумакҳо дар шакли маводи сохтмон, ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштиву хоҷагӣ расонида шуданд”, — афзуд вай.

Вай таъкид дошт, ки маблағи умумии хисороти ба аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат расида зиёда аз 28 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Муҳаммадҷон Салимзода дар навбати худ иброз дошт, ки корҳои наҷотдиҳӣ аз зери тарма, садамаҳои нақлиётӣ, сӯхтор, корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ ва амалиёти гуногун анҷом пазируфта, ҳангоми бартарафкунии оқибатҳои тарма, дар шоҳроҳҳои “Душанбе-Хуҷанд” ва “Душанбе — Хоруғ” зиёда аз 320 нафар мусофирону ронандагони воситаҳои нақлиёт кӯчонида шуданд.

Барчаспҳо:
садама, садама, марг, ҳалокат, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, оқибати офатҳои табиӣ, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ