17:43 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Доллары в кармане, архивное фото

Сокинони Душанберо фиреб доду 465 ҳазор долларро гирифта ғайб зад

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
827 0 0

Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ду ҳолати қаллобӣ бо пули калон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.  Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ду ҳолати қаллобӣ бо пули калон хабар доданд.

Бино бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ду ҳолати қаллобӣ бо маблағи калон сурат гирифтааст.

Боздошти дабир ва нозири додгоҳ бо ҷурми қаллобӣ

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, ба ШВКД- 2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 27-уми августи соли 2013 ҳангоми дар кӯчаи А. Дониши пойтахт қарор доштанаш марди 41-солаи сокини кӯчаи Айнӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 350 000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

ВУД: ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия

ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад. Ки дар рафти тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда ҳамчунин рӯзи 1-уми декабри соли 2014 дар кӯчаи А.Дониши пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини кӯчаи А.Навоӣ даромада, аз ӯ 115 000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 

Қаллобӣ: билети ҳарбии афсарӣ ба ивази 1000 доллар дар Душанбе

Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВУД Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
сокинон, пул, фиреб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ