Ду садамаи маргбор: ронандаи маст шабона дучархаронро зер кард

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор хабар додааст, ки охири ҳафтаи гузашта рух додаанд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, шаби 28 июл дучархарон Дилшод Мисоқов, сокини 24-солаи деҳаи Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зери чархи мошини “КИЯ-кредос” монда, ба ҳалокат расидааст.

Мавзуна Чориева. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: Мавзуна Чориева бо хонаводааш ба садама афтод

Манбаъ афзуд, ки ҳодиса тахминан соати 00:20-дақиқа рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИЯ-Кредос”, Юсуфов Аслиддин, сокини 39-солаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Бар асоси иттилоияи ВУД, инчунин  26-уми июли соли 2019, тахминан соати 22:30-дақиқа дар ноҳияи Вахш низ садамаи маргбор рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Қурбонов Тоҷиддин Файзиддинович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ҷамоати шаҳраки Вахш ба самти ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Назаров Ҳасан Муслиҳиддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи мазкурро, ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рост мегузашт, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, пиёдагард Назаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0