17:29 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
ДТП, архивное фото

Садамаи маргбор: ронандаи "Тайота Раф – 4" ба ҳалокат расид

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
48801

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ дошт

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодиса 29- уми июли соли равон тахминан соати 10:30 дақиқа рух додаст.

Бар хабари манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота Раф-4", Абдуғаффоров Ҷӯрабеки 72- сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", ки таҳти идораи ронанда Саидов Сайдалии 55 сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт, бархӯрдааст.

ВУД: дар ду садамаи маргбор ду нафар ҷон бохтанд

Ба иттилои ВУД, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Раф-4” Абдуғаффоров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Садамаи маргбор: ҳамсари ронанда ба ҳалокат расид

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар таҳқиқи ҳодисаро давом доранд.

Ёдовар мешавем, ки садамаи ахири пурқурбонитарин дар роҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ рух дода буд, ки 4 нафар кушта барҷой гузошт.

Садамаи пурқурбонӣ: “Хундай-голопер” бо мусофиронаш ба Панҷ чаппа шуд

Барчаспҳо:
ҳалок, ронанда, мошин, садама

Мавзӯъҳои асосӣ