17:43 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Альпинисты в горах

Дар Тоҷикистон кӯҳнаварди рус ба ҳалокат расид

© Pixabay/Simon
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Кӯҳнаварди рус Василий Дроздов ҳангоми баромадан ба қуллаи Бодхона дар Тоҷикистон ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Федератсия кӯҳнавардии вилояти Арханглск дар гурӯҳи хеш дар сомонаи иҷтимоии  В Контакте хабар додааст, ки дар минтақаи кӯҳистони Ҳисор - Алай кӯҳнавари рус  Василий Драздов ба ҳалокат расидаст.

Бар хабари манбаъ ҳодисаи мазкур санаи 29- уми июн сар задааст.

Гуфта мешавад Василий Дроздов бар асари фурӯ рафтани кӯҳпора ҷони худро аз даст додаст.

Кӯҳнавардон тибқи хатсайри Житенева 6А, ки то қуллаи Бодхона мебурд ҳаракат мекарданд.

Пас аз сар задани ҳодисаи нохуш, ҷасади кӯҳнаварди рус билфосила ба Душанбе оварда шуда, феълан муттасадиёни ин гурӯҳ ҳуҷҷатҳои лозимаро барои интиқол додани ҷасадаш ба минтақаи Арханглский омода карда истодаанд.

Вазъи ваҳими ду кӯҳнавард ва бозгашти се нафари онҳо ба Русия

Василиё Драздов 7-уми июни соли 1980 ба дунё омада, дорандаи рутбаи "Бабри барфӣ" мебошад.

Марҳум яке аз шогирдони Михаил Василевич Ишутина ба ҳисоб меравад.

Соли 2014 ҳамроҳ бо тимаш дар мусобиқаи кӯҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи баландтарин ба гирифтани мақоми дувум сазовор гардида буд.

Барчаспҳо:
ҳалок, рус, кӯҳнавард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ