07:05 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Ёрии таъҷилӣ, акс аз бойгонӣ

Сангзании ҳамдеҳаҳо барои об бо марги Иқболи ноболиғ анҷомид – видео

© Sputnik / Алексей Сухоруков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
659 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҷарои сангзании ҳамдеҳаҳо дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакентро, ки бо марги як тамошобини ноболиғ анҷомидааст, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи гузориши видеоии ВУД, моҷаро барои оби полезӣ миёни се ноболиғи 17-сола ва марди 28-сола - Адҳам Бекмуродов дар деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, ин афрод дар пайи даъвои лафзӣ ба латукӯбу сангзанӣ гузаштаанд. Дар натиҷа як тамошобини қазия - Иқболи Абдуфаттоҳи 16-сола аз санги ногаҳонии ҷонибҳои даргир ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта,  баъди як ҳафтаи ҳодиса дар беморхона ба ҳалокат расидааст, гузориш дод ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан бар асоси моддаҳои 237 ва 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад. ВУД афзудааст, ки иштирокдорони ин моҷаро ҳамдеҳа буда, ҳар яки онҳоро барои кирдори анҷомдодаашон ҷазои сазовор интизор аст.

Мавзӯъҳои асосӣ