06:45 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14

Тафсилоти бештар аз қатли 20 нафар дар иёлати Техаси Амрико

REUTERS/Jose Luis Gonzalez
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Қабл аз ҳодисаи куштор дар маркази савдо, дастгиршуда дар саҳифаи худ дар Twitter манифестеро нашр намуд, ки ҷонибдории худро аз ҳамла ба масҷид дар Зеландияи Навро иброз дошт

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Бар асари тирпаронӣ дар Эл-пасои иёлати Техас дасти кам 20 нафар кушта шуданд.

Бар хабари сомонаи РИА Новости  рӯзи 3- юми август ҷавони 21- сола дар дохили мағозае ба суйи одамон тирпарронӣ намуд, ки 20 тан кушта шуда 26 нафари дигар аз тири силоҳ захм бардоштанд.

Бар хабари манбаъ, ҷинояткори ҷавон Патрик Крузиос қабл аз ин ҳодиса дар саҳифаи Twitter мантифестеро нашр намуд, ки ҳамла ба масҷид дар Зеландияи Навро дастгирӣ намудаст.

Дар нигоштаи худ номбурда изҳор намудаст, ки  бо ин амал кишвари худро аз селаи бегонагон ҳимоят мекунад. Зимнан таъкид намудаст, ки вуруди муҳоҷирон ба иқтисодиёт ва фарҳанги кишвараш латмаи сахте ворид мекунад.

Дипломати амрикоӣ донишҷӯйро дар назди донишгоҳ пахш карда фирор намуд

Маркази савдо, ки  дар он ҷо тирпарронӣ сурат гирифта буд, дар наздикии сарҳад миёни Амрико ва Мексика ҷойгир аст. Қисми зиёди меҳмонони он мексикоӣ мебошанд, ки барои харид ба Эл Пасо меоянд.

Зимнан пас аз вуқӯи ин ҳодиса раисҷумҳури  Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор иброз доштааст, ки  миёни ҳалокшудагон дар маркази савдо се нафар шаҳрвандони мексикоӣ ҳастанд.

Тибқи иттилои губернатори ин аёлот , маълумот дар бораи тирандозӣ дар маркази савдоро соати 10:39- дақиқаи  ба вақти маҳаллӣ дарёфт намуданд ва  полис пас аз шаш дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд.

 Дар соати 11:06- дақиқа  гумонбар дастгир карда шуд. Эбботт илова кард, ки амалиёт барои боздошти ин ҷавон  21 дақиқа давом кард ва  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир намуданаш аз силоҳ истифода накарданд, зеро ҷинояткор худаш таслим шуд.

Пас аз дастгир шудани ҷинояткор ва маълум гардидани ҳуввияти ӯ, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Барчаспҳо:
куштор, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ