Дар Фахробод ҳавопаймои "Ан-2" ба садама дучор шуда як сарнишини он ҷон аз даст додаст

© Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкСамолет АН-2. Архивное фото
Самолет АН-2. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари ба садама дучор шудани ҳавопаймои "Ан-24" сарнишини 68 - солаи он ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Имрӯз дар тамрингоҳи Фахробод дар натиҷаи машқи навбатии нақшавӣ як ҳавопаймоҳи тамғаи "Ан-2" ба садама дучор шудаст, ки дар натиҷа як сарнишини он ҷони худро аз даст додаст.

Самолет АН-24 потерпел крушение в Нижнеангарске - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймо дар Русия: ду сарнишин ба ҳалокат расидаанд

Бар хабари агентии Ховар, ҳодиса соати 10:40 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар маркази таълимии "Фахробод"-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст.

Иллати садама ба мушкили техникӣ рабт дода мешавад.

Манбаъ зикр намудаст, ки дар натиҷаи садама, як сарнишини ҳавопаймо Раҳматов Илҳоми 68- сола, сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаст.

Сарнишини дигари ҳавопаймо лейтенанти калон Давлатов Бахтиёри 28-сола сокини шаҳри Душанбе,  ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Хуросон бистарӣ карда шудааст, хабар медиҳад манбаъ.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Ҳавопаймо 8 нафар шаҳрвандони хоҳишмандро пас аз гузаштани машқҳои таълимӣ ва ташхиси тиббӣ ба баландии 800 метр ба ҳаво бароварда, онҳоро бо истифода аз парашют ба замин мепартояд.

Зимни нишаст тахминан дар масофаи 10 метр аз замин ҳавопаймо бо сабабҳои техникӣ дучори фуруди сахт гардида ба замин бархурд.

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Вобаста ба сукути ҳавопаймо аз ҷониби раёсати тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0