Пулситонии Рустам аз духтари 25-сола бо таҳдиди шармандасозӣ дар назди хешовандон

CC0 / Pixabay / Девушка пишет сообщение на телефоне
Девушка пишет сообщение на телефоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди шармсор кардан аз духтари 25-сола якчанд бор маблағ ситондааст

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат, ҷавонзани 25-сола, сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ҳадафи тамаъҷӯии як ҷавон қарор гирифтааст.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ожонс фасодзадатарин соҳаҳои Тоҷикистонро эълом кард

Муроҷиаткунанда ба маъмурини милиса иттилоъ додааст, ки аввалҳои моҳи июли соли 2019 “Рустам” ном шахс якчанд маротиба ба ӯ таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда дар назди хешу табораш карда, бо роҳи тамаъҷӯӣ дар умум 9 ҳазор сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи “Редмин А-7”-ро гирифтааст. 

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Спальная комната в общежитии учебного центра ГКНБ в Хороге - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: фоҳишахонаи гуруҳӣ дар Душанбе ошкор шуд

ВУД тафсилоти ҳодиса ва далели шайъии мусодирашударо нагуфтааст, аммо дар гузашта аз ҳолатҳои зиёди тамаъҷӯии мардон аз ҷавонзанҳо дар Тоҷикистон хабар дода шуда буд. Дар чунин қазияҳо муттаҳамон бо таҳдиди акс ё наворҳои бадномкунанда, ё тафсилоти муносиботи маҳрамона аз туъмаҳои худ маблағ талаб мекунанд.

Қаблан ВУД аз боздошти марди 47-сола, сокини шаҳри Турсунзода хабар дод, ки бо таҳдиди нашри акси муштарак дар оғӯши ҳамдигар аз як зани 30-сола бо роҳи тамаъҷӯӣ 3000-доллари амрикоӣ талаб карду ҳангоми гирифтани қисме аз маблағ дастгир шуд.

Лентаи хабарҳо
0