18:33 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Садама, акс аз бойгонӣ

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Норак – Ваҳдат

© Отырар
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1129 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар роҳи Норак – Ваҳдат хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама 4-уми августи соли 2019, тахминан соати 11:00 рух дода, 2 марди 44-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота Марк-2", Тошматов Исмоил Саидмуродович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашинаи набаромада, ба чуқурии тахминан 30-метр чаппа шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур - Хоҷаев Шокирҷон Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1975 ва Абдуллоев Муродҷон Ғуломович, соли таваллудаш 1975 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Бар асоси иттилоияи ВУД, ҳалокшудагон сокинони деҳаи Гирдоби шаҳри Ваҳдат будаанд.

Садамаи дигари маргбор рӯзи 2-юми августи соли 2019, тахминан соати 20:30-дақиқа дар ҳудуди ҷамоати Сафедтеппаи ноҳияи Спитамен рух додааст. Ба иттилои ВУД, Сунатулло Ҷабборов, ронандаи 19-солаи “Скутер” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронандаи 34-сола Давлат Бобоев бархӯрдааст.  Дар натиҷа Ҷабборов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ