16:23 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
643 0 0

Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Кормандони Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду корманди Вазорати нақлиёт Фирӯз Ҳакимов ва Ф. Азизовро, ки дар ришваситонӣ айбдор мешаванд боздошт намудааст.

Тавре манбаъ иттилоъ додааст, мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Фирӯз Ҳакимов бо маслиҳати пешакӣ ҳамроҳ бо сардори Шуъбаи назорат ва танзими хоҷагии роҳҳои дастгоҳи марказии хадамоти мазкур Ф. Азизов барои омода ва пешниҳод намудани иҷозатнома аз шаҳрванд “А” 8500 сомонӣ талаб кардаанд.

“Номбурдагон аз ин ҳисоб қаблан маблағи 6800 сомонии онро гирифта, боз овардани 1700 сомонии дигаро талаб намуданд”, - таъкид нгамудааст манбаъ.

Манбаъ инчунин илова кардааст, ки санаи 12 июни соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ф. Ҳакимов баъд аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1700 сомонӣ дастгир карда шуд.

“Маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд”,-илова намуд манбаъ.

Тавре Ожонсӣ қайд намудааст, дар ҳоли ҳозир, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Ф. Ҳакимов ва Ф. Азизов бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Точикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Барчаспҳо:
вазорати нақлиёт, Душанбе, дастгирии ришваситон, ришваситонӣ, Агентии мубориза бо фасоди молӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ