Таркиш дар қисми низомӣ ва сӯхтор дар анбори аслиҳа дар Красноярск - Видео

© Sputnik / Андрей Денисов / Гузариш ба медиабонкНа территории воинской части в Красноярском крае произошел взрыв
На территории воинской части в Красноярском крае произошел взрыв - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои Красноярск аз таркиш дар ноҳияи Ачин хабар медиҳанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Шоҳидон таркиш дар қисми низомӣ дар Красноярскро ба навор гирифтаанд.

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна дуди ғавс сӯи осмон боло мешавад. Ҳамчунин садои таркиш шунида мешавад.

Бино ба гузориши расонаҳо, таркиш дар қисми низомӣ дар ноҳияи Ачин рух додааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки анбори аслиҳа низ сӯхта истодааст.

Тибқи маълумот дар паи таркиш ду кас захмӣ шудааст.

Шабакаи 360 хабар медиҳад, ки мардуми осоишта аз ҷои ҳодиса ба навоҳии бехавф кӯчонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0