23:36 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Девушка в наручниках, архивное фото

Дар Бӯстон ҷавондухтари авбош марди 33-соларо ду корд зад

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0

Кормандони милитсияи шаҳри Бӯстон зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуданд, ки дар авбошӣ ва корд задани марди 33-сола айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, кормандони милитсия дар шаҳри Бӯстон зани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро, ки қаблан бо моддаи 154 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони авбошӣ дастгир намуданд. 

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 21-уми июли соли равон, дар хонаи зани 48-солаи сокини шаҳри Бӯстон дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

“Зани номбурда дар ин хона аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур суханҳои қабеҳ гуфта, аз ошхона 1-адад кордро гирифта, 2 маротиба ба пушташ задааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Масъулини Вазорати умури дохилаи тоҷикистон зикр намуданд, ки нисбати зани номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, дар ҳоли ҳозир,  тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
мард, корд задан, кордкашӣ, Хуҷанд, Бӯстон, зан, авбошӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ