Дар Русия бар асари садамаи маргбор 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шоҳроҳи М-5 "Урал" садамаи маргбор рух додаст, ки дар натиҷа 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Миёни ҳалокшудагон кудакон низ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik.Теъдоди ҳалокшудагон бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи М-5 "Урал" то ба 7 нафар расидаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба маълумоти Вазорати беҳдошти ин минтақа.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Норак – Ваҳдат

Бар хабари манбаъ, миёни ҳалокшудагон кудакон низ ҳастанд.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: 5 мусофир ҷон бохтанд

Қаблан хабар дода шуд, ки субҳи барвақти имрӯз дар вилояти Рязанск дар 404- ум километри шоҳроҳи М-5 "Урал" мошини сабукрав ба микроавтобуси мусофирбар бархӯрдаст, ки дар натиҷа 6 нафар - шаҳрвандони Тоҷикистон ҷон бохтанд.

Хабар дода мешавад, ки 8 нафари дигар ба беморхонаи ин вилоят интиқол ёфтанд.

Садамаи маргбор: пиёдагарди 7- сола ба ҳалокат расид

Гуфта мешавад ҳамаи мусофирони микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тойота таҳти идораи Авазови ноболиғ бо суръати 140 км/соат ба дарёи Душанбе "парид"-видео

Хабаргузорӣ тавзеҳ медиҳад, ки аснои азназаргузаронидани ҷойи ҳодиса кормандони пулис шиносномаи ронандагии микроавтобус- шаҳрвандони Тоҷикистонро дарёфт намуданд.

Зимнан хабар дода мешавад, ки пас аз вуқӯи ин садама шоҳроҳи мазкур масдуд нашудааст ва ҳаракати нақлиёт ҳамоно идома дорад.

Дар  ҷойи ҳодиса кормандони милитсия қарор дошта тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0