Ҷасади қурбониёни садамаи Рязан ба Тоҷикистон фиристода мешавад

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкФельдшер станции скорой медицинской помощи
Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон, ки имрӯз дар садамаи мудҳиш дар вилояти Рязани Русия ба ҳалокат расиданд, ба Тоҷикистон фиристода мешавд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия садамаи пурқурбонӣ бо ширкати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия, зери назорат гирифтааст.

ДТП в Сасовском районе. Оперативное видео - Sputnik Тоҷикистон
Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт: Видео

Бино ба иттилои масъулини сафорат, айни замон масъалаи интиқол додани ҷасади шаш шаҳрванди қурбоншудаи Тоҷикистон -  Насринова Назира Ҷамшедовна, соли таваллудаш  2005, Насринова Гулдона- 1983, Саидов Абдуллоҳ Саидбекович - 1974, Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич - 1989, Халилов Ислом -1974, Муллоев Фирӯз Бурҳонович - 1977 ба Ватан, бо мақомоти дахлдори Русия ҳамоҳанг карда мешавад.

Аз 14 то 45- сола: нашри руйхати қурбониёни садамаи Рязан

Ҳамчунин шаш тани дигар аз ҷумла, Аҳмадов Раҳмон Зоҳирович , Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, Баротов Фурқат Зокирович, Алиев Самандар Валиевич, ки дар паи садама ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, чор тан дар беморхонаи минтақаи Шатский ва ду захмӣ дигар бемористон қарор доранд.

"Мо бо мақомоти дахлдори Русия дар тамос ҳастем ваи кӯшиш мекунем ҳарчӣ зудтар ба онҳо кӯмак расонем", - гуфт масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки садамаи маргбор дар вилояти Рязан субҳи барвақти имрӯз рух дод.

БДА Русия марги танҳо шаш шаҳрванди Тоҷикистонро таъид кард

Дар натиҷа 6 нафар ҷон бохта 8 каси дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона қарор доранд.

Ба навиштаи сомонаи РИА Новости, ҳамаи 12 мусофири микроафтобус шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0