07:35 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Аробачаи тиббӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷароҳати шаҳрванди Тоҷикистон бар асари таркиши автомобил дар Магнитогорск

© Sputnik / Томас Тхайцук
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Таркиш дар лаҳзае рух додааст, ки муҳоҷири тоҷик дари мошинашро кушодааст. Табибон вазъи ҷабрдидаро вазнини миёна арзёбӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар пайи таркиш дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шудааст, хабар дод РИА Новости бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати тандурустии вилоят.

Манбаъ хабар дод, таркиш замоне рух додааст, ки муҳоҷири тоҷик дари мошинашро кушодааст. Бар асоси иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар ҷои ҳодиса дастгоҳи махсуси тарканда фаъол шудааст.

Ҷабрдида бо осеби пойҳо дар беморхона бистарӣ гардида, табибон вазъашро миёнаи вазнин арзёбӣ кардаанд. Феълан шарҳи расмӣ дар бораи омилону сабабҳои рух додани таркиш ироа нашудааст.

Мақомоти маҳаллӣ ба расонаҳо иттилоъ додаанд, ки дар ҷои ҳодиса муфаттишон кор мекунанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ахиран инчунин хабар дода шуд, ки дар километри 404-уми шоҳроҳи М-5 дар Рязанск мусофирбари ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошини дигар бархӯрдаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки хурдтаринашон навраси 14- сола буд, ҷони худро аз даст дода, ҳамчунин 8 нафари дигар бо бадоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Барчаспҳо:
мошин, ҷароҳат, таркиш, муҳоҷири тоҷик, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ