18:23 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Дастгоҳи тиббӣ, акс аз бойгонӣ

Пулис сабаби садамаи мусофирбари ҳомили тоҷикон дар Рязанро гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
500 0 0

Раёсати умури дохилии вилояти Рязан бар асоси тафтишоти пешакӣ сабаби садамаи пурқурбонии субҳи 6 августро ғалабаи хоб бар ронандаи мусофирбар гуфтааст. Дар ин садама 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ронандаи мусофирбари ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистонро бар асоси иттилои муқаддамотӣ хоб бурдааст, хабар дод РИА Новости аз қавли Александр Поташов, сухангӯи Раёсати умури дохилӣ.

“Бар асоси иттилои муқаддамотӣ ронандаро сари идораи мусофирбар хоб бурдааст. Феълан бархе ташхисҳои техникӣ таъин шудаанд”, - изҳор доштааст Поташов.

Субҳи 6 август бар асари бархӯрди мусофирбари “Мерседес” бо худрави “Тойота” дар вилояти Рязан 6 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, аз ҳар ду мошин 8 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар садамаи мазкур - Назримова Назира Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2005, Насринова Гулдона- 1983, Саидов Абдуллоҳ Саидбекович - 1974, Маҳмудов Валиҷон Турсуналиевич - 1989, Халилов Ислом -1974, Муллоев Фирӯз Бурҳонович – соли таваллудаш 1977 ҷон бохтанд.

Шаш шаҳрванди дигари Тоҷикистон аз ҷумла Аҳмадов Раҳмон Зоҳирович, Атоев Файзалӣ Файзуллоевич, Баротов Фурқат Зокирович, Алиев Самандар Валиевич ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ