15:55 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Девушка в наручниках, архивное фото

Духтари 18-сола барои дуздии телефони “HUAWEI” дастгир шуд

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
516 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки бо гумони ду ҳолати дуздӣ, ки яке дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ ва дигаре ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯх додааст як ҷавондухтари 18-сола ва зани 23-сола боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷавондухтари 18-сола бо гумони дуздии телефони “HUAWEI-Y6 Prime 2018” аз дохили мағозаи соҳибкор боздошт карданд.  

“Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ аризаи зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 1-уми августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш, воқеъ дар бозори “Баҳор”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “HUAWEI-Y6 Prime 2018”, ки арзишаш 2300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”,  -таъкид намудааст манбаъ. 

Дар вақти намозхонӣ ба дуздӣ машғул мешудааст: боздошти дузди чолок дар Хуҷанд

Манбаъ қайд намудааст, ки кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир карданд.

Инчунин, як ҳодисаи дигари дуздӣ, ки дар он ҷавондухтар айбдор мешавад, дар пойтахти Тоҷикистон рух додааст.

Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи зани 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки санаи 6-уми августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 17 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

“Кормандони милитсия зани 23-солаи сокини кӯчаи Убайди Зоконии пойтахтро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд”, - таъкид дошт манбаъ.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома доранд.

Барчаспҳо:
дуздӣ, ноболиғ, духтар, ҷавондухтар, боздошт, Вазорати умури дохилӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ