06:51 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

Қаллоб 6 адад мошин бо арзиши 182 ҳазор сомонӣ гирифту ғайб зад

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
258 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт як қаллоб хабар медиҳад, ки дар тасарруфи 6 адад мошин аз як соҳибкор гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Бино бар хабари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милитсия марди 31- сола сокини ноҳияи Шоҳмансур бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, номбурда, моҳи апрели соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 20-солаи сокини ноҳияи Варзоб даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои тамғаҳояшон гуногунро гирифтааст.

“Тойота” гирифту 114 ҳазор доллар пора: акси раиси фирории ноҳияро канданд

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки ин ҷавон соҳибкор буда арзиши мошинҳояш ба 182 000 сомонӣ баробар асӣт.

Дастгиршуда пас аз гирифтани ин мошинҳо ғайб зад ва то то ҳол пули онҳоро барнагардонд.

ВУД: сокини 36-солаи пойтахт ба тақаллубкорӣ мутаҳам мешавад

Ба иттилои ВУД айни замон аз руйи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Барчаспҳо:
мошин, қаллоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ