Бархӯрди танки Тоҷикистон бо рақиб ва барканории тим - видео

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкТанк Т-72Б3 команды армии Таджикистана "Танковый биатлон - 2019"
Танк Т-72Б3 команды армии Таджикистана  Танковый биатлон - 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марҳилаи аввали даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ" дар бозии байналмилалии артишҳо тими танки Тоҷикистон бо танки Уганда бархӯрд

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Тими танкронҳои Тоҷикистон дар пайи бархӯрд дар даври ниманиҳоӣ бо тасмими доварон аз сабқат барканор карда шуд

Дар ин марҳилаи қувваозмоӣ тимҳои Тоҷикистон, Мянмар, Уганда ва Ветнам барои ҳаққи баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекарданд. Аммо зимни сабқат тими танкронҳои Тоҷикистон ба дастаи Уганда роҳ надода, бо танки рақиб бархӯрд. Дар натиҷа тими Тоҷикистон барканор карда шуд.

Лаҳзаи бархӯрд дар дақиқаи 60-уми гузориши телевизионҳои Русия аз ҷараёни "Биатлони танкӣ" cабт шудааст.

Бори нахуст сабқати "Биатлони танкӣ бо пешниҳоди вазири дифои Русия Сергей Шойгу, соли 2013 баргузор шуд.

Сабқати "Биатлони танкӣ"-и соли 2019 аз 3 август оғоз шуда то 17 август идома хоҳад кард. Давоми ду ҳафта дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Имсол бозиҳои артишӣ - АРМИ, ҷашнӣ буда, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

Лентаи хабарҳо
0