03:43 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Дастагули арӯс, акс аз бойгонӣ

Пули тӯйро деҳ, мегирамат: ҳабси Усмонов барои фиреби арӯсшавандаҳо - видео

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2598 0 0

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Шариф Усмонов, сокини 34-солаи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қаллобӣ, аз ҷумла фиреби арӯсшавандаҳояш ба 12 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Тибқи гузориши ВУД аз мурофиаи додгоҳӣ, Усмонов қаблан се бор барои қаллобӣ суд шуда, баъди афв озод гардидааст. Ӯ моҳи апрели соли равон шеваи нави фиребкориро пеш гирифта, бо ваъдаи хонадоршавӣ аз бевазанҳо гӯиё барои харҷи тӯйу хариди хӯрокворӣ маблағ гирифтааст.

Усмонов Шариф бо баҳонаи барпо намудани оила, барои хароҷоти тӯй аз як арӯсшаванда 3500 сомонӣ пули нақд ва аз дуюмӣ дар баробари маблағ инчунин ороишоти тиллоӣ бо арзиши умумии 9290 сомониро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода намудааст.

Дар маҷмуъ Усмонов дар фиреби чор нафар гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми додгоҳи Хуҷанд барои 12 сол равонаи зиндон гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ