14:49 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
ДТП, архивное фото

Садамаи пурқурбонӣ: ҳалокати се узви як хонавода

Пресс-служба МЧС РФ
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1773 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори пурқурбонӣ дар ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад, ки дар натиҷа се узви як хонавода ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.  Ба иттилои ВУД Тоҷикистон садамаи маргбор рӯзи 11-уми августи соли равон, тахминан соати 05:30-дақиқа дар роҳи ноҳияи Қубодиён рух додаст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ҳусейнов Равшан Шарофович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ баромада ба чуқурии 67-метр чаппа шудааст. 

Ду садамаи маргбор: ронанда кӯдаки 3 - соларо пахш намуд

Дар натиҷа, худи ронанда Ҳусейнов ва мусофирони автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Ҳусейнова Муноҷот, соли таваллудаш 2001, Ҳусейнова Хосият, соли таваллудаш 1951, сокинони шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Аз 14 то 45- сола: нашри руйхати қурбониёни садамаи Рязан

Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҳусейнова Гулнора, соли таваллудаш 1978 ва ноболиғ Ҳусейнова Робия, соли таваллудаш 2010, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 

ВУД мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса кормандони милитсия  тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
садама, Қубодиён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ