Ронандаи бадахлоқ пас аз шикоят дар facebook боздошт шуд ва барои 5 шабонарӯз маҳкум шуд

© ВУД РТБоздошти ронандаи бадахлоқ дар Душанбе
Боздошти ронандаи бадахлоқ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар пайи шикояти ҷавондухтар дар Фейсбук Давлатов Заробиддинро барои бадахлоқаиш дар муддати як соат боздошт намудааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 12-уми август як нафар ҷавондухтари сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории як ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада” шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид. 

Маҳмадҷонов Ҳумайнӣ, барои дашномдиҳӣ дар  шаҳри Душанбе ҷарима шуд - Sputnik Тоҷикистон
Баъди шикоят дар facebook: ҷаримаи табиби оянда барои дашноми зан дар кӯча

“Баъди нашри муроҷиат бо супориши Вазири корҳи дохилӣ барои муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ милитсияи пойтахт сафарбар карда шуд”, - таъкид намуд манбаъ. 

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳамагӣ пас аз 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карданд.

 “Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Иҳломиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи “ВАЗ-21014” аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад”, қайд намудааст ВУД.

Манбаъ таъкид намудааст, ки номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз доштааст, ки санаи 12-уми август, ҳангоми идора воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маро куштан мехостанд: муҳоҷири тоҷик аз ҳамватанонаш дар Русия шикоят кард

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Дар навбати худ санаи 13 август бо ҳукми Суди ноҳияи Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0