10:48 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Фоҷиа дар оилаи овозхон: фармони вазир барои қадрдонии Иброҳимов баъди марги қаҳрамонона

© Sputnik / Амир Исаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
7562 0 0

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон фармон дод, ки ба капитани марҳум Фаррух Иброҳимов барои корнамоияш дар шаҳри Конибодом, ҳамчун қаҳрамон пас аз марг ду рутба боло - “подполковники хизмати дохилӣ” дода шавад

ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, капитан Фаррух Иброҳимов, муовини фармондеҳ дар бахши техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502,  рӯзи 8 августи соли 2019 ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор ва наҷоти кӯдакон дар кӯчаи Ҳавзи Баланди шаҳри Конибодом қаҳрамонона ҳалок гардид.

“Бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба капитан Иброҳимов Фаррух Фурқатович, барои нишон додани намунаи олии сифатҳои инсонию афсарӣ, нисбати бадбахтии ҳамсоягонаш бетараф намондан, барои наҷоти одамону амволи онҳо ҳаёти худро зери хатар мондан, барои нишон додани корнамоии махсус ҳамчун қаҳрамон пас аз марг ду рутба боло, рутбаи “подполковники хизмати дохилӣ” дода шуд”, - иттилоъ дод Парвина Гулова, масъули робита бо ҷомеаи ВУД Тоҷикистон.

Марҳум Фаррух Иброҳимов, писари калонии Фурқат Иброҳимов мебошад, ки ба иттилои наздикони хонавода барои иштирок дар таҷлили 50-солагии падараш, ки 14 август дар назар буд, аз Душанбе ба Конибодом рафт. Аммо чанд рӯз пеш аз ҷашн фоҷиа рух додаст.

Шомгоҳон хонаи ҳамсояи Иброҳимовҳо оташ мегирад ва Фаррух ҳамроҳи ҳамсинфи дигараш барои наҷоти ҷону моли ҳамояҳо мешитобанд, аммо дар муҳосираи оташ меафтанд.

Наздикони хонавода дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар ин фоҷиа Фаррух бо 85 дарсади сӯхтагии бадан ҷон медиҳаду ҳамсинфаш бо 40 дарсади сӯхтагии бадан дар беморхона бистарӣ мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ