10:40 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пиво

Боздошти кочоқбар: аз Узбакистон ғайриқонуни оби ҷави “Кибрай” ворид мекард

© vsluh
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар пойтахт марди 37-солае боздошт шуд, ки дар кочоқи машрубот аз Узбакистон ба Тоҷикистон айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми августи соли равон, кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, марди 37 солаи истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қочоқ дастгир карда шуд.

Шерхон Салимзода: дар Русия шумораи тоҷикистониёни қочоқбар кам шудааст

Тавре манбаъ қайд намудааст, номбурда, аз моҳи июли соли гузашта то моҳи феврали соли равон, тахминан 30-маротиба бо автомашинаи боркашонӣ бо тариқи қочоқ аз Узбакистон ба ҳудуди Тоҷикистон машруботи спиртии навъи оби ҷави “Кибрай”-ро ворид намудааст.

Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се қочоқбар кушта шуд

“Мутобиқи Маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Тоҷикистон, машруботи спиртии мазкур 422430-литрро ва ҷамъ ба маблағи 4.385.856-сомониро ташкил медиҳад”, - зикр намуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохила таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир, нисбати ҷинояти мазкур аз тарафи Прократураи Генералии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
боздошт, душанбе, манъ гардидани маводи машруботӣ, машруботи спирӣ, Узбакистон, боздошти қочоқбарон, ВУД ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ