08:56 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Автомобиль реанимации

Садамаи мудҳиши 18 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ба Ватан бармегаштанд

© Sputnik / Максим Богодвид
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
807 0 0

Микроавтобус бо 18 муҳоҷири тоҷик дар ҳудуди вилояти Бухоро чаппа шудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ронанда ва ҳамаи 18 мусофири микроавтобус шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Нӯҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар паи садамаи мудҳиш дар Бухоро ҷароҳатдор шуданд. Се мусофир айни замон дар беморхона бистарӣ аст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Узбакистон.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 19 август микроавтобуси Mercedes-Benz Sprinter дар 368 километрии ҳудуди вилояти Бухорои Узбакистон чаппа шудааст. Ронанда ва ҳамаи 18 мусофир шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

"Дар паи садамаи нақлиётӣ се шаҳрванди Тоҷикистон ба беморхона интиқол дода шуда, ба ронанда ва панҷ мусофири дигар дар ҷои ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон, микроавтобус бо муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон равон будааст.

"Мусофироне, ки аз садама ҷароҳат надидаанд дар меҳмонхонаи маҳаллӣ ҷой дода шудаанд. Барои ба Тоҷикистон расонидани оно чораҷӯӣ мешавад", - афзуд манбаъ.

Барчаспҳо:
захмӣ, ҷароҳат, садама, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ