14:36 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Следственный изолятор, архивное фото

Додгоҳи олӣ сокини Ваҳдатро барои кӯшиши қатли зану кӯдаки навзодаш 15 сол зиндон кард

© Sputnik / Владимир Песня
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
250 0 0

Додгоҳи олии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдатро барои кӯшиши қатл намудани ҳамсар ва фарзандаш ба 15 соли маҳбас маҳкум намуд

ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik.  Бар хабари дафтар матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 24 - уми марти соли равон дар шаҳри Ҳисор рух додасст.

Манбаъ меафзояд, сокини шаҳри Ваҳдат Саидбек Ҷураев барои хабаргирии занаш, ки  пас аз таваллуд намудани кӯдак дар хонаи волидонаш қарор дошт, рафта талаб намуд, ки ҳамроҳи ӯ ба хонааш равад.

Дар Истаравшан падари 33 - сола писари ноболиғи худро 10 корд зад

Чун ҳамсар - Набиева  дархости шавҳарашро рад мекунад ва далелашро ба кумаки модар ниёз доштани худ рабт медиҳад, ҷаҳли шавҳараш бархеста ба ӯ дармеафтад.

Пас аз латукӯби шадид намудани занаш ғазаби Саидов нафаромада бо табар чандин маротиба ба узвҳои асосан муҳими бадани ҳамсараш мезанад, ки дар натиҷа дар баробари захм бардоштани модар кӯдаки навзодаш низ ҷароҳат мебардорад, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Куштор: марди 35-сола ҳамсар ва падари худро бо табар зад

Зимнан гуфта мешавад, ки бо  дахолати ҳамсояҳо ба муноқишаи оилавӣ, ин ҳодиса ба куштор наанҷомид.

Ҳамин тавр додгоҳ Саидбек Ҷураевро барои кӯшиши қатл намудани зану фарзандаш айбдор дониста, ӯро ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Ҷураев дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш сахт адои ҷазои ҷиноӣ мекунад, афзудаст манбаъ.

Барчаспҳо:
ҳабс, шаҳрванд, Додгоҳи олӣ, Ваҳдат

Мавзӯъҳои асосӣ