10:41 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Открытие границы между Киргизией и Казахстаном

КДАМ аз амалҳои иғвогаронаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
812 0 0

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пахши як хабар таъкид намудааст, ки ҷониби Қирғизистон амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои наздисарҳадӣ гарданд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором. Ахиран Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон аз иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эълон намуд.

Тавре КДАМ хабар додааст, сарфи назар аз он, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби қирғиз, алалхусус баъзе сокинони ғаразноки он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, мунтазам ин созишҳоро қасдан вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд.

КДАМ таъкид намудааст, ки баъзе сокинони ғаразноки Қирғизистон, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд, ки боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби қирғиз низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар дафъа бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.

КДАМ хабар додааст, ки рӯзи 24 августи соли равон даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Қирғизистон ва Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд.

“Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад”, -таъкид намудааст КДАМ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Қирғизистон талаботи протоколҳои дар боло зикршударо пайваста сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд.

“Дар ҳоли ҳозир дигар шоеа нест, балки далелҳои ғайри қобили инкор гувоҳи бар он медиҳанд, ки ҷониби қирғиз ҳозир нест масъалаи мазкурро он гуна, ки дархӯри ҳамсоягони накӯ бошад, аз роҳи гуфтушунид ва тафоҳум ҳаллу фасл кунад ва талош дорад, ки ба Тоҷикистон фишор биоварад. Аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад”, -зикр намудааст КДАМ.

Дар ҳамин ҳол КДАМ таъкид намудааст, ки айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.

Барчаспҳо:
КДАМ, баҳси марзӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ