14:04 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Бар тибқи маълумоти Агентии омор, давоми нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон сатҳи ҷиноятҳои вазнин коҳиш ёфта, бар иваз ин содир шудани ҷиноятҳое ба мисли қаллобӣ ва авбошӣ афзоиш ёфтаст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.  Бар хабари Агентии омори Тоҷикистон, шумораи ҷиноятҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтаст.

Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода (дар байн)  Абдулло Навҷувонов (аз рост) ва  Нусратулло Мирзоев
дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ

Гуфта мешавад, давоми шаш моҳи охири соли равон 14 ҳазор ҳолати содир шудани ҷиноят ба қайд гирифта шудаст, ки ба андозаи 1,3 дарсад дар муқоиса ба соли пеш бештар аст.

Русия 36 ҷинояткори тоҷикро дасгир карда, онҳоро ба кишвар истирдод хоҳад кард

Зимнан хабар дода мешавад, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ содир шудани ҷиноятҳои вазнин ба андозаи 4,5 фисад нисбати як соли қаблӣ кам ба қайд гирифта шудаст.

Манбаъ меафзояд, ки ҷиноятҳое ба мисли одамкушӣ ва суйиқасд ба ҷони одам нисбати соли гузашта 3,6 дарсад зиёдтар сабт шудаст. Ҳамчунин қаллобӣ ба андозаи 3,5 , дуздӣ 1.4 ва авбошӣ 4,1 фисад афзоиш ёфтаст.

Додситонӣ: қонуншикании ноболиғон кам шудааст

Маврид ба зикр аст, ки давоми ҳамин давра ҷиноятҳое чун таҷовуз ба номус ба андозаи 23,3 ва ҷиноятҳои вобаста ба хариду фурӯши маводи мухаддир ба 31, 2 дарсар камтар содир шудаст.

Барчаспҳо:
боло рафтани мизони ҷиноёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ