12:14 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Корова породы белоголова, архивное фото

Нархи гӯшт дар бозор дуздони чорворо ҳам фаъол кардааст: ошкори чанд ҳолати рабудани чорво

© Sputnik / Саид Царнаев
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
19301

Кормандони милитсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар рӯзҳои ахир чанд ҳолати рабудани чорворо ошкор намуданд. Милитсия чаҳор нафарро дар дуздии чорво гумонбар дониста онҳоро дастгир намудааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.  Кормандони милитсия Тоҷикистон чаҳор нафарро, ки синнашон аз 20 то 30 соларо ташкил медиҳад дастгир намудааст. Онҳо дар дӯздии чорво айбдор мешаванд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ зани 69-солаи сокини деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми августи соли равон, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар ҳайвони калони шохдорро, ки арзишаш 4500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони милитсия ҷавони 20-сола ва марди 28-солаи сокинони деҳаи Ҷӯйбодомро барои содир намудани ин ҷиноят дастгир намуданд. 

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ низ марди 40-солаи сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, шикоят овардааст, ки рӯзи 26-уми августи соли 2019,  шахсони номаълум аз маҳаллаи Гулбутта 1-сар ҳайвони калони шохдорро, ки арзишаш 5 ҳазору 700-сомониро ташкил меддодааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини кӯчаи Энергетики шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.

 Ҳамин гуна ҳолат дар шаҳри Турсунзода низ ба қайд гирифта шудааст. Тавре ВУд иттилоъ додааст ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 53-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намудааст, ки рӯзи 26-уми августи соли равон шахсони номаълум аз чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар ҳайвони калони шохдорро, ки арзишаш 6000 сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони милитсия ҳангоми кофтукоб марди 30-солаи сокини маҳаллаи 4-уми шаҳри Турсунзодаро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. 

Манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

 

Барчаспҳо:
милитсия, ВУД, мардон, дастгиршавӣ, чорво, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ