01:11 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
83640

Сайёҳи амрикоӣ дар Тоҷикистон ҳамён бо пул, корти ронандагиву кортҳои бонкиашро гум кард, аммо кормандони милитсияи сайёҳӣ онро пайдо намуда ба соҳибаш баргардонданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бино бар иттиолои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи 18-уми августи соли равон кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия доир ба масъалаҳои экологии ВУД ҳамёнеро дарёфт карданд, ки дар дохилаш маблаг, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкӣ буда, ба шаҳрванди Амрико тааллуқ дошта аст.

“Кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ фавран ҳамёнро ба воситаи Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрванди номбурда дастрас намуданд”, - таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки бинобар ин, тариқи номаи сипосмандӣ роҳбарияти Сафорати мазкур ба Вазири корҳои умури Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони шуъбачаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудаанд.

Инчунин худи шаҳрванди Амрико низ шахсан ба шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ занг зада, барои дарёфти ҳамён, ҳуҷҷати ронандагӣ ва кортҳои бонкии худ махсусан ба корманди ин шуъбача лейтенанти милитсия Саидов Умедҷон изҳорӣ сипос намуд.

 

Барчаспҳо:
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, сафорати Амрико, Рамазон Раҳимзода, сипоснома, милитсия, ВУД ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ