Дар Новосибирск зери девори фурӯрехта 12 сохтмончӣ дармонданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСотрудники МЧС РФ и рабочие разбирают перекрытия, рухнувшие в строящемся здании в Новосибирске
Сотрудники МЧС РФ и рабочие разбирают перекрытия, рухнувшие в строящемся здании в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони наҷотбахшӣ тавонистанд аз даруни харобаҳои бинои фурӯрехта ду нафар сохтмончиро берун оранд ва сарнавишти 10 нафари дигар то ҳол номаълум боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Дар Новосибирск девори биное, ки дар ҳоли бозсозӣ  қарор дошт, фурӯ рехтаст. Дар замони фурӯ рехтани девор дар макони ҳодиса 12 нафар корманд қарор доштанд. Феълан кормандони наҷотбахшӣ аз 12 нафари зери харобаҳо қарор дошта тавонистанд ду нафарро берун оранд ва тақдири 10 корманди дигар то ҳол норӯшан аст.

Гуфта мешавад, феълан дар ҷойи ҳодиса кормандони ҳолатҳои фавқулода бо шумули 70 нафар наҷотбахш ва 20 адад техника ба корҳои кофтукобӣ машғуланд.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, бар асари фурӯ рехтани девор, дасти кам ду нафар ҷони худро аз даст дода, ҳамзамон 10 тани дигар то ҳол зери харобаҳо боқӣ мемонанд.

Зимнан хабар дода мешавад, ки ба макони ҳодиса шаҳрдори Новосибирск Анатолий Локот омадааст ва корҳои ҷустуҷӯйи ҳамоно идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0