Ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба ҷонибдорӣ аз падари Ҳувайдои марҳум садо баланд мекунанд

© Фото : Рахматова Зулфия Мать и отец Хувайды
Мать и отец Хувайды  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран ҳомиёни тоҷик ба ҷонибдории падари Ҳувайдои марҳум бархестанд ва изҳори омодагӣ намуданд, ки дар зудтарин фурсат тамоми асноде, ки падарии ӯро собит мекунад, ҷамъ меоранд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ҳамакнун мурофиаи додгоҳии куштори бераҳмонаи Ҳувайдо Тиллозодаи 5 сола дар шаҳри Серпухова ба анҷом мерасад.

Родители Вайдо в доме - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии вакили хонаводаи Ҳувайдои марҳум аз рафти мурофиаи судӣ

Пас аз кӯшиши ҷониби ҳимоятгари Сёмин дар бораи роҳ надодани падари духтари кушташуда ба мурофиаи додгоҳӣ, ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик ба волидони Ҳувайдои ғурамарг пешниҳоди кӯмак намуданд.

Аз куштори Ҳувайдои 5-сола 1 сол гузашт. Қотилро чӣ интизор аст?

Абдусалом Саидов падари Ҳувайдои марҳум мегӯяд, ки ба телефони ҳамроҳаш зангҳои беист аз вакилони тоҷик ворид мешавад ва ҳамаашон пешниҳоди кӯмак расонданро мекунанд.

"Ман ҳамаи зангҳоро қабул мекунам ва пайваста бо ҳомиёни тоҷик дар тамос ҳастам. Ба ман ваъда доданд, ки агар додгоҳ асноди "падар" будани маро талаб кунад, онро дар фурсати кӯтоҳ дастраси додгоҳ мекунанд", - изҳор дошт Абдусалом ба Sputnik Тоҷикистон.

Зарурати пешниҳод кардани ин аснод баъди он сар зад, ки дар мурофиаи додгоҳӣ, ҷониби ҳимоятгари айбдоршаванда талаб намуд, ки бигзор Абдусалом толори додгоҳро тарк кунад, чун падари Ҳувайдои кушташуда нест ва ҳуқуқи даъво карданро низ надорад.

Зимнан вакили дифои хонаводаи Саидовҳо низ аз рафти мурофиаи ахири додгоҳи изҳори нигаронӣ намуда, рафтори холаи Сёминро, ки ба ҳайси ҳимоятгари ӯ баромад мекунад, ғайриинсонӣ хонд.

"Дар мурофиаи судӣ, додрас ду маротиба ҷониби ҳимоятгари Сёминро маломат намуд, агар маротибаи дуюм боиси сарзаниши додрас қарор мегирифт, ӯро аз толори додгоҳ берун мекарданд. Гуноҳи Сёмин аллакай исбот шудааст ва ба он эътироз кардан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин далели возеҳ, ҳимоятгари Сёмин ӯро бо истифода аз  усулҳои ифлос муҳофизат кунад ва дар суд даъво кард, ки падари Ҳувайдо Абдусалом Саидов аслан падари ӯ нест. Вакили дифоъ ҳатто ин гуна изҳоротро иҷозат додааст, гӯё худи Саидов фарзанди худро таҷовуз кардааст", - изҳор намуд Ҳасавов.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозодаи 5 - сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд.

Лентаи хабарҳо
0