Раҳмон мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид

Обуна шудан
Имрӯз дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор дошт, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.

Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф супурд

Президенти Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони кишвар маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид дошт.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон — ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон, роҳсозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ буданд.

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден тақдим кард

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 1 нафар бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, 6 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 11 нафар бо медали “Ҷасорат”, 78 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат”, 3 нафар бо медали “Марзбони Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 20 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 5 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 нафар бо рутбаҳои навбатӣ ва 11 нафар бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла намояндагони бахшҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбиро махсус таъкид кард.

Тавре манбаъ қайд намудааст, шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон- ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон, бахусус занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад.

Бо Фармонҳои Президенти Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовар бо рутбаҳои ҳарбии махсуси мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои I ва III, “генерал майори адлия”, “генерал майори хизмати назорати маводи нашъаовар”, “генерал-майори милитсия”, “генерал майор”, “генерал лейтенанти милитсия”сарфароз гардонида шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон: нақшаи хоинон ин дафъа низ барбод рафт

Ҳамчунин як гурӯҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати  Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2017 гардидаанд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илмҳои табиӣ, риёзӣ, тиббӣ, бунёдӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ супорида шуд.

Дар анҷоми маросими Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

Эмомалӣ Раҳмон умедвор аст, ки ҳамаи  онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, дар оянда низ тамоми қудрату тавонашонро ба хотири ободии мамлакат, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0