19:40 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
ДТП, архивное фото

ВУД: ҳалокати се нафар дар пайи садамаҳои як шабонарӯз

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз се садамаи маргбор хабар медиҳад, ки давоми як шабонарӯз ба вуқӯъ пайвастанд ва муҷиби ҳалокати се нафар гардиданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, рӯзи 28-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 03:00 ба 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Мустафоев Ҳабибуллои 35 сола, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар ҳудуди н.Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 58-метр чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина Мустафоев Зокиршои 31- сола, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан ВУД аз як ҳодисаи дигари маргбор дар роҳи "Конибодом - Равот" хабар медиҳад.

Ҳалокати Файзигул Файзова дар пайи бархӯрди “Опел” бо “Мерседес”

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми августи соли равон, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира", Маҳкамов Диёри 25- сола, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди "Конибодом-Равот", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Равот аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ, Розиқов Аҳрори 13 - соларо  пахш намудааст. 
Дар натиҷа, ноболиғ  аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон як садамаи дигари мотосиклрон дар ноҳияи Ёвон ба қайд гирифта шудаст.

ВУД меафзояд, рӯзи 28- уми август тахминан соати 12:20 дақиқа, ронандаи дучарха (мототсикл), Ғуломов Бахтиёри 17 - сола, сокини деҳаи Фирдавсии ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони қисмати роҳ, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи дучарха  ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
ВУД тавзеҳ медиҳад, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқ идома дорад.

Барчаспҳо:
мошин, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ