17:42 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
776 0 0

Дар вилояти Маскав чархболи хусусӣ ба ноқилҳои барқӣ бархӯрда ба дарё сарозер шуд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар паи суқути чархбол дар вилояти Маскав ду кас ҷон бохт.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар вилояти Маскав чархболи хусусӣ суқут кардааст.

Фоҷиа шоми 31 август дар минтақаи Долгопруди вилояти Маскав ба вуқӯъ пайвастаст.

Тибқи маълуоти пешакӣ чархболи хусусӣ ба ноқилҳои барқӣ бархрда ба обанбори Клязминский чаппа шудааст.

Ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон иборат аз 40 нафар равон карда шудаанд.

Наҷотдиҳандагон аз дохили обанбор ҷасади ду тан ва худи чархболро баровардаанд.

Бино ба гузориши РИА Новости дар паи суқути чархбол падару писар, ки бо чархбол сайру гашт мекарданд, ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Барчаспҳо:
фоҷиа, писар, падар, ҳалокат, чархбол, суқут, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ