13:45 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
207 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду муттаҳам хабар дод, ки дар содир кардани куштор дар ҳолати мастӣ айбдор мешаванд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 31-уми август маъмурини милиса мардони 40 ва 33-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.

Манбаъ афзуд, номбурдагон, 26-уми майи соли 2019, тахминан соати 22:30 дар хонаи истиқоматии навбунёди яке аз муттаҳамон дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод майнӯшӣ кардаанд, ки бо ҷанҷол ва куштори ҳамқадаҳ анҷомидаст.

Муттаҳамон дар ҳолати мастӣ бо М.А, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ҷанҷол карда, яке аз айбдоршавандаҳо бо дастаи бели хоҷагӣ 1 маротиба ба пушти сари М.А. зарба задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид намуд, ки айбдоршавандаҳо бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти мазкур ҷасади М.А.-ро дар замини ҳавлии истиқоматии навбунёд дар чуқурии 1,5-метрӣ гӯр кардаанд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки айбдоршавандаҳо дар пайи корҳои тафтишотӣ муайян карда шуда, феълан алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, барои куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
парванда, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷиноят, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ