Оғози тафтишот алайҳи молики мағозаи “Олами тилло”-и бозори Корвон

© © Sputnik / Амир ИсаевЮвелирные изделия, архивное фото
Ювелирные изделия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани соҳиби мағозаи ҷавоҳироти “Олами тилло” дар калонтарин бозори кишвар – “Корвон” хабар доданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурини милисаи ноҳияи Фирдавсӣ, соҳибкори 30-сола, сокини шаҳри Ҳисорро дар муомилоти ғайриқонунӣ бо металҳои қиматбаҳо муттаҳам мекунанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Маъдани Тоҷикистон ба чанд миллиард ба хориҷа фурӯхта шуд, ки Президентро нигарон кард?

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир карда шуд”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми кофтукоб аз мағозаи шахсиаш “Олами тилло”, воқеъ дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе, 15 адад сикка, 8 адад хулла, 4-адад метали ба нуқра монанд дарёфт ва гирифта шуд.

ВУД бо такя ба нозироти иёргарии Вазорати молия изҳор дошт, ки хуллаҳои гирифташуда, метали қиматбаҳои нуқра мебошанд.

“Дар асоси маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2019, хуллаҳои аз номбурда гирифта шуда, ба металли қимматбаҳои нуқра сохташуда мансуб буда, вазни умумиаш 65 граммро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзудааст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0