07:40 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото

Наврас аз бордони мошини падараш афтида, ба ҳалокат расид

© Sputnik / Стас Этвеш
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
273 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикисон аз як садамаи нақлиётӣ хабар медиҳад, ки боиси ҳалокати ноболиғ гардидаст

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рӯзи 4 - уми сентябри соли равон соати 16:20 дақиқа рух додаст.

Бар хабари манбаъ, ноболиғи 17 - сола, ки дар бордони мошини падараш савор буд, ба замин сарозер мешавад ва ҷони худро аз даст медиҳад.

ВУД: ҳалокати се нафар дар пайи садамаҳои як шабонарӯз

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Портер", Норматов Хайрулло Хуррамович, соли таваллудаш 1977, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Гузари боло, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, фарзанди ноболиғаш Норматов Лутфулло Хайруллоевич, соли таваллудаш 2002, хонандаи синфи 11-уми МТМУ-ро, ки дар бордони автомашина савор шуда буд, аз болои бордони автомашина ба замин меафтад", - омадааст дар хабари манбаъ.

Дар натиҷа бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ноболиғ дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони 4 нафарро рабуд

ВУД Товикистон мегӯяд, феълан аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Барчаспҳо:
мошин, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ