16:53 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Knife

Авбошӣ: сокини Бохтар нахуст ба шиками зани 34 - сола кор зад ва сипас худро маҷрӯҳ кард

© Flickr / Mr Korn Flakes
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кордкашии як сокини шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки ҳам зани 34 сола ва ҳам худро бо корд маҷрӯҳ намудаст

ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи мазкур рӯзи 5 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Бохтар рух додаст.

Бар хабари манбаъ, сокини 21 - солаи ҳамин шаҳр тахминан соати 18:10-дақиқа, ба манзили истиқоматии зани 34-солаи сокини кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар даромада , аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 1 маротиба ба шиками зани мазкур мезанад. 

Муноқишаи ду марди исфарагӣ дар ошхона бо кордкашӣ анҷом ёфт

Зимнан, номбурда кирдори авбошонаи худро давом дода, бо корд якчанд маротиба ба шиками худаш мезанад.

ВУД тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷаи кордкашии ин ҷавони 21- сола  худи ӯ ва зани ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, феълан  дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Шикоят ба милиса: ҳамсояам бо рафиқаш бе ягон асос лату кӯбам карду кордам зад

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
кордкашӣ, Бохтар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ