07:51 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Тайфун, архивное фото

Ҷопон дар иҳотаи тӯфони азими "Факсай" - навор

© AFP 2019/ STR
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Тӯфони азиме, ки феълан Ҷопонро домангир шудааст, боиси лағв шудани садҳо парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳҳои ин кишвар гардидаст

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Бар асари тӯфони қавии "Факсай", ки феълан то ҷазираҳои Ҷопон расидааст, беш аз 930 ҳазор манзилҳои зист аз неруи барқ маҳрум гардида, ҳамзамон боиси осеб дидани 20 шаҳрванди дигари ин кишвар гардидаст.

Бар хабари сомонаи РИА-Новости, дар робита ба вазидани тундбоди шадид имрӯз дари муассисаҳои таълимиро низ ба руйи толибилмон бастанд ва танҳо роҳро барои ҳаракати нақлиёт боз намуданд.

Манбаъ меафзояд, фаъолияти мактабҳо дар пойтахти Ҷопон рӯзи душанбе қатъ карда шуд, гарчанде ки суръати тундбод аллакай коҳиш ёфтааст ва ҳаракати нақлиёт низ қисман барқарор шудаст. "Факсай" аз руйи ҳисобҳо понздаҳумин тӯфон аст, ки давоми як сол шаҳрвандони Ҷопонро дар ҳолати ногувор мемонад.

​Хабар дода мешавад, шаби гузашта ҳаво андаке мӯътадил гардид, аммо чанд вақт пеш ҳавошиносон аз якбора бад шудани вазъи ҳаво бонки изтироб заданд ва ҳушдор дода буданд, ки 4 ҳазор нафар аз сокинони музофоти Сидзуока ва Кангава ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯч банданд.

Ба иттилои хабаргузориҳои ин кишвар тӯфон аз қисмати ҷанубии Оқёнуси Ором самти Ҷопон ҳаракат намуда, боиси ба таъхир мондани садҳои парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳҳои ин минтақа гардид.

Барчаспҳо:
тӯфон, Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ