07:44 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Инспектор дорожно-патрульной службы

Дар Грозний ҷавони 18 - сола тарафи пулис оташ кушодаст

© Sputnik / Алексей Сухоруков
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Ҳамлагарро кормандони пулис маҳв намуданд ва ҳамзамон худашон аз тири ӯ осебе надиданд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар Грозний як сокини минтақа тарафи пулиси роҳ оташ кушодаст, хабар медиҳал РИА Новости бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти ВУД ин манотиқ.

Бар хабари манбаъ, ҳодисаи  мазкур субҳи имрӯз тахминан соати 08:30 дақиқа дар шоҳроҳи Петропавловский рух додаст.

Кормандони пулис барои таҳқиқи амалиёти оперативӣ автомашинаи тамғаи Ford- ро дар роҳ манъ намуданд, ки дар натиҷа ронандаи мошин суйи кормандони пулис оташ кушод.

Ҳамлагарро кормандони пулис маҳв намуданд ва ҳамзамон худашон аз тири ӯ осебе надиданд.

Баъди ҳушдори Қодиров: ҷавони чечен барои рафтораш дар нақлиёт узр хост (ВИДЕО)

Сипас маълум гардид, ки сари чамбараки мошин ҷавони 18 сола сокини ноҳияи Надтеречний Усмон Азиев қарор доштаст.

Манбаъ меафзояд, ки Азиев тасмим гирифта будаст, ки якчанд ҳамалотро зидди кормандони пулис роҳандозӣ намояд. Аз нақшаи кашидаи Усмон Азиев мақомоти пулис пешакӣ хабар шуда аз пайи дастгир намудани ӯ шуданд.

Барчаспҳо:
ҳамлаҳо, пулис, Грозний

Мавзӯъҳои асосӣ