09:31 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Страшное ДТП в Бишкеке - фото очевидцев

Садамаи маргбор дар Бишкек - навор аз ҷои ҳодиса

фото очевидца, отправленное по WhatsApp-каналу Sputnik Кыргызстан
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
239 0 0

Дар Бишкек худрав бо суръати баланд ба автобус бархӯрдааст. Шумораи қурбониён маълум карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Дар кӯчаи Чингиз Айтматови Бишкек садамаи мудҳиш ба вуқӯъ пайваст - худрав ба автобус бархӯрд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар ҷои ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ БДА, пизишкони ёрии таъҷилӣ ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода қарор доранд.

Тибқи иттилои ВКД Қирғизистон дар ин садамаи мудҳиш чор кас ҷон бохтааст.

Чор ҷавоне, ки дар дохили мошини сабукрав қарор доштаанд, ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки ронанда 17 сол доштааст.

Як духтар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шудааст.

Мусофирон ва ронандаи автобус низ захмӣ шудаанд. Дар умум 7 кас дар паи садама ҷароҳтдор шудааст, аз ин миён дутояш кӯдакон ҳастанд.

Ҳувияти қурбониён ва маҷрӯҳшудагон муайян карда мешавад. Кормандони ВКД сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.

Барчаспҳо:
маргбор, садама, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ