07:36 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Маленькая девочка

Рабудани духтарачаи дусола ва талаб намудани пул аз волидайнаш бар ивазии озодии вай

CC0 / Pixabay
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
67501

Дар шаҳри Ваҳдат марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки дар одамрабоӣ ва талаб намудани пул айбдор мешавад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, дар шаҳри Ваҳдат кормандони милитсияи кишвар марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки духтарчаи дусоларо аз хонаи истиқоматиаш ба таври пинҳонӣ рабуда, сипас аз волидайнаш барои озодии фарзандашон пул талаб кардаст.

Бино бар иттилои ВУД Тоҷикистон ба ШВКД шаҳри Ваҳдат марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми сентябри соли равон, тахминан соати 09:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ набераи хурдсолаш, духтарчаи 2-соларо аз назди хонаи истиқоматиашон рабудаанд. 

Кормандони милитсия марди 47-солаи сокини деҳаи Қирғизони шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум  шуда буд, бо гумони одамрабоӣ дастгир намуданд.

“Номбурда, бо мақсади талаб намудани маблағи пулӣ ва додани ҷазои рӯҳию маънавӣ ба волидайни хурдсол ӯро рабуда, ба хонаи хоҳараш, зани 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бурда, то соати 16:10-дақиқа нигоҳ доштааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
боздошт, Ваҳдат, кӯдак, дуздӣ, одамрабоӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ