22:13 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Члены террористического движения Талибан в Афганистане

Толибон дар ду соат ду музофоти ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

© AP / Allauddin Khan
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
646 0 0

Ҳаракати Ҷунбиши Толибон пас аз ишғол намудани вулусволии Янги- Қалъа, бо гузашти чанд соат боз музофоти Дарқадро низ забт намуданд

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik.Ҷангиёни толибон давоми як рӯз ба ишғол намудани ду минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон муваффақ шуданд.

Бар хабари шабакаи 1TV толибон тавонистанд вулусволии Дарқад, ки ба марзи Тоҷикистон наздик аст, забт кунанд.

Иттилоъ дар мавриди ишғоли боз як музофоти дигар дар Афғонистон аз ҷониби Толибон расо пас аз ду соати хабари ишғоли Янги - Қалъа расид.

Дар Афғонистон гурӯҳи ҷангҷӯёни ДОИШ ва “Толибон” ба нируҳои ҳукуматӣ таслим шуданд

Хабари забт намудани ин вулусволиро низ волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар ин манотиқ ҳанӯз ҳам даргирӣ миёни толибон ва мақомоти афғон идома дорад.

Қаблан волии Тахор Ҷавод Ҳиҷрӣ гуфта буд, ки ҷангиёни толиб минтақаи Янги - Қалъаро пас аз он ки нерӯҳои Афғонистон онро тарк карданд, забт намуданд.

Мақомоти афғон танҳо ба хотири пешгирӣ аз талафоти аҳолии мулкӣ маҷбур шуданд,то қаламрави ин минтақаро тарк кунанд. 

Толибон чанд манотиқи наздимарзӣ бо Тоҷикистонро ишғол намуданд

Маврид ба зикр аст, ки давоми як ҳафтаи охир ҷангиёни толиб аллакай се минтақаи наздисарҳадиро ишғол намудаанд. 

Барчаспҳо:
забт кард, Толибон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ